Ш. Зуҳуров: «Пешвои миллат ва Ҳукумати ҶТ ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ягон ятим худро танҳо ҳис кунад»

Декабрь 30, 2015 14:34

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Шукурҷон Зуҳуров аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои солинавиро ба муҳассилини мактаб-интернати таҳсилоти асосии№ 4 барои кӯдакони бепарастори шаҳри Душанбе супорид.
Ш. Зуҳуров зимни суханронӣ иброз намуд, ки ҳадафи боздид фарорасии Соли нави мелодиро ба ҳамаи шумо аз номи Президенти кишварамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муборакбод гуфтан аст.
«Мактаб-интернат ҳаргиз ҷои бад нест. Он, аввалан, мактаби муқаррарии таҳсилоти асосӣ аст, баъдан-интернат, ки маънои он муассисаи иқомати тӯлонӣ мебошад. Ин ҷо низ таҳсил аз рӯи ҳамон барномаҳое роҳандозӣ шудааст, ки дар мактабҳои дигарамон ҳаст, имтиҳонҳо низ ҳамонҳоянд, аттестатҳо- низ. То ҷое, ки мо огаҳӣ ёфтем, дар муассисаи таълимии шумо маҷмӯи шароитҳо барои рушди ҳаматарафа, таҳсил, тарбият ва кашфу нумӯи истеъдодҳо муҳайё мебошанд»,-гуфт Ш. Зуҳуров.
Ш. Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки воқеан, дар шароити имрӯз касбҳои коргарӣ аз ҳар вақти дигар ба инсон, бахусус ҷавонон, заруртаранд. Албатта, муҳассилини мактаб-интернатҳо ба донишгоҳҳо ва техникумҳо низ дохил мешаванд, вале аксарияташон мехоҳанд аз рӯи касбҳои маҳз дар интернат аз бар кардаашон ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намоянд. Мавсуф аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки ба интихобу омӯзиши касбҳо бояд хеле ҷиддӣ муносибат намоянд, то оянда дар бозори кор рақобатпазир бошанд. Ҳамчунин бачаҳоро ҳидоят кард, ки арзишҳои милливу умумиинсонӣ ва таърихи миллати хешро хуб аз бар намоянд, дар ватандӯстӣ, заҳматкашӣ ва масъулиятшиносӣ аз худ намунаи ибрат нишон диҳанд.
Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониаш таъкид намудааст, ки роҳбарият, шахсан худи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ягон нафар, ки бо амри тақдир ятим гардидааст, худашро танҳо ҳис намояд. Мо ҳамеша дар ҳаққи ин гуна нафарон ғамхории падарона менамоем, то ки онҳо аз шириниҳои ҳаёт бархурдор бошанд.
Раиси Парлумони касбии мамлакат таъкид намуд, ки давлат барои беҳсозии зиндагӣ ва таҳсили шумо тамоми тадбирҳоро меандешад, аз тамоми захира ва имкониятҳо истифода мекунад. Имрӯз давлат ба бачаҳои ятим ва аз нигоҳубини волидайн бенасибмонда ҳуқуқу имтиёзҳои зиёд додааст. Шумо бояд онҳоро донед ва дар зиндагӣ истифода карда тавонед. Ва дар баробари онҳо, албатта, шумо бояд уҳдадориҳои худро низ ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб донед ва содиқона иҷро намоед.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки танҳо соли гузашта барои мактаб-интернати мазкур 524 ҳазор сомонӣ ва имсол 478 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ҳукумати шаҳри Душанбе барои таъмир ва либоси хонандагон ҷудо гардидааст. Ҳамасола Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2014 сарпарастии ин таълимгоҳро ба уҳда дорад ва ширкати «Ромсар» ба ин таълимгоҳ ёрии худро мерасонанд.
Баъди супоридани туҳфаҳои солинавӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба муҳассилини муассисаи мазкур, директори мактаб-интернати таҳсилоти асосии№ 4-и барои кӯдакони бепарастори шаҳри Душанбе Саидбаҳриддин Муминов, хонандагони мактаби мазкур Назарзода Сумбул, Холида ва Шамшод Султоновҳо минатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Ш. Зуҳуров ҳамчунин аз синфхонаҳои таълимӣ ва ошхонаи ин мактаб-интернат дидан намуда, ба ҳунари муҳассилин ва завқи баланди эҷодиашон баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳарчи бештари касбу ҳунар ва аз худ кардани илмҳои муосир ҳидоят намуд.
Мактаб-интернат 333 писару духтари бепарасторро аз чор ноҳияи пойтахт бо таҳсил, тарбият, хобгоҳҳои замонавӣ ва чор вақт ғизо фаро гирифтааст. Шароити таҳсилу зиндагӣ дар ин муассисаи таълимӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Агар дар мактабҳои кишвар ба ҳисоби миёна ба ҳар понздаҳ хонанда як компютер рост ояд, дар ин таълимгоҳ ҳар чор нафар як компютер дар ихтиёр дорад. Мушкилот дар мавриди устохонаҳои таълимӣ ҳам дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Декабрь 30, 2015 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд
Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид