Шахсе ки сулҳ овардааст, шоистаи ҳама унвону мақом аст
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон — ин симои созандаву бунёдкор барои халқу миллати тоҷик хизматҳои нодиру созанда карда, онро аз парешонию фақирӣ, дастнигарию барҷомондагӣ раҳоӣ бахшид. Чархи таърих бо шарофати ин абармарди пуркор дубора симои давлатдории тоҷиконро шуълабор сохта, ба мардумаш файзу баракати истиқлолият ва пешрафту шукуфоиро арзонӣ гардонид.
Таърих собит сохтааст, ки миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик борҳо ба зулму таъқиботи аҷнабиён гирифтор гашта, аз чӣ қадар сарзаминҳои паҳновари хеш, фарзандони фарзона ва фарҳанги бою пурғановаташ маҳрум гаштааст. Ба даст овардани истиқлолияти комил орзуи ҳамешагии мардуми фарҳангдўсту заҳматқарини тоҷик буд. Истиқлолияти воқеӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ 9 сентябри соли 1991 насиб гардид. Истиқлолияти давлатии мо тоҷикон барои бархе аз неруҳои иртиҷоии дохиливу берунӣ чандон писанд наафтод ва ҳамин буд, ки мардуми азизи моро ба паҳлўи сангарҳои мухолифат кашид. Дарки он маънӣ, ки мушкилоти ҳастӣ ё нестии миллат ном дошт на ба ҳар кас муяссар мешуд. Новобаста аз ин шахсияте чун Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат устуворона ворид гардида, нахустин андешааш дар майдони сиёсат «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» ном дошт,. Айёме, ки Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи сарҷамъсозии миллат, фароҳамсозии фазои сулҳу оромиш дар мамлакат буд, аксарият сиёсатмадорон вобаста ба воқеаҳои фоҷиабори он солҳо аз тарси ҷони хеш тарки майдони сиёсат мекарданд. Маҳз кўшишҳои пайвастаи мардуми фарзона таҳти роҳбарии фарзанди ватандўст, оқилу доно ва далеру шуҷоаш Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар ин гуна як давраи ниҳоят ҳассоси таърих пояҳои истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардад ва ватан рў ҷониби сулҳу субот, оромӣ ва шукуфоиву пешрафт устуворона қадам гузорад.
Иродатмандии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хатари парокандагии миллат аз байн бардошта гардида, ягонагии давлате бо номи Тоҷикистон таъмин карда шуд. Дар майдони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва харитаи сиёсии он пайдо гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дошта, номи ўро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон дар радифи бузургони ин миллат чун Исмоили Сомонӣ ҳамчун наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик ба ҳайси Пешвои миллат абадан ҷовид мегардонад.
Басо рамзист ёдовар шудани суханони Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, 19 ноябри соли 1992, ки гуфта буд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Дар он солҳои мудҳиши норомиҳои сиёсӣ касе ҷуръати боварибахшона ба ин минвол андешаронӣ намуданро надошт. Маҳз ҳамин суханон ба дили мардуми шарифи тоҷик шуълаи умедро ба фардои дурахшон фурўзон сохт ва ҳамагон паҳлўи Сарвари хеш гирд омада, роҳи сулҳофаринӣ ва бунёдкориву созандагиро пеш гирифтанд. Мардумро сарҷамъ намудан, нерую тавони онро баҳри пешрафту шукуфоии ҳар як хонадони тоҷикистонӣ равона кардан рисолати Пешвои миллат мебошад.
Аз ҷониби дигар, дар баробари ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшиш намуд, ки Тоҷикистон ва халқи онро ҳамчун халқу миллати сулҳпарвар, меҳнатқарин, ташаббускори корҳои муштарак баҳри рафъи норасоиҳои сиёсию фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Ҳамин буд, ки маҳз дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба як майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷаҳонӣ табдил ёфта, шуҳрати ҷаҳонии он дучанд гардид.
Имрўз ташаббусҳои халқи тоҷикро бо роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён эътироф мекунанд ва арҷ мегузоранд. Имрўз Тоҷикистон ва мардуми онро бо номи Сарвари оқилу донояш Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд, қадр мекунанд ва пос медоранд. Рисолати таърихии Пешвои миллат будани ин фарзанди фарзонаи миллат воқеӣ, табиӣ ва раднопазир аст.
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Д.Б. Қодиров








ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






