Қӯшунҳои Ироқ Рамадиро аз силоҳбадастони «Давлати исломӣ» зада гирифтанд

Декабрь 28, 2015 05:35

Душанбе, 28.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Қӯшунҳои  Ироқ рӯзи  якшанбеи  гузашта  собиқ  маҷмааи  ҳукуматӣ   воқеъ  дар  Рамадиро, ки   дар  ихтиёри   дастаҳои  «Давлати  исломӣ»  қарор  дошт,  ишғол  намуданд,  хабар  медиҳад  агентии  Рейтер   зимни  истинод ба  низомиёни Ироқ.
Маҷмааи  мазкур такягоҳи  охирини   силоҳбадастогни  ДИ  дар  Рамади  ба  шмор мерафт. Шаҳри  Рамади  дар  90  — километрии Бағдод  воқеъ  буда, аҳолии онро арабҳои суннимазҳаб  ташкил  медиҳанд. Мувофиқи  баъзе  маълумот,  силоҳбадастони  ДИ аз  шаҳр ба  самти   шимолу  шарқӣ рӯ ба  гурез  оварданд. 
Амалиёти  ҳарбӣ барои  ба даст овардани   шаҳри  Рамади аввалҳои  моҳи  ноябр  оғоз  ёфта, вале суст   сурат мегирифт,   зеро  ҳукумат  аз бархурди ҷамоаҳои  миллӣ бо  аҳолии суннии  шаҳр  хавф  бурда,  тасмим  гирифт, ки  ихтиёриёни мазҳаби шиаро, ки Тикрит бо  ёрии  онҳо  ишғол  карда шуд, истифода  набарад.

Декабрь 28, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад