Қӯшунҳои ҳукуматии Сурия ҳамларо ба Идлиб вусъат бахшиданд

Декабрь 16, 2015 06:28

Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»).  Қувваҳои  мусаллаҳи  Сурия  тайи  ҳафтаи  охир  нуҳ  деҳаи  музофоти  Алеппоро  озод  намуданд,  изҳор  дошт  сардори  Сарраёсати оперативии  Ситоди  умумии Қувваҳои  мусаллаҳи  ФР  Сергей  Рудской. 
«Қувваҳои  ҳукукуматӣ  дар  музофоти  Алеппо  минтақаи амниятиро  дар  атрофи фурудгоҳи  Квайрес  васеъ  намуда,  ҳамларо ба  самти ҷанубу  ғарбии Идлиб  вусъат  мебахшанд. Онҳо  тайи  ҳафтаи  охир  муқобилати  сахти  дастаҳои  душманро  шикаста, нуҳ  деҳаро озод  намуданд», — гуфт  С.Рудской ба  хабарнигорон.
Ба  гуфтаи  мавсуф, қувваҳои  мусаллаҳи  Сурия  бо дастгирии  ҳавопаймоҳои  Русия  ҳуҷумро  дар  саросари  ҷабҳа  идома дода, дар баробари  ин  дар  музофотҳои  Латакия,  Алеппо,  Ҳома, Ҳомс  ва  канори  шаҳри  Димишқ  муборибаҳои  шадид  рух доданд. 
«Ҷузву  томҳои террористон  талафоти  бузург  медиҳанд», —  гуфт  Рудской. Аз ин  пеш  дар  Ситоди  умумӣ  хабар  доданд, ки  артиши  Сурия  дар  Латакия  назорати  сарҳад   бо  Туркияро  вусъат  бахшидааст. 

 

Декабрь 16, 2015 06:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд