СММ аз имзои созишнома оид ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Либия истиқбол кард
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари намояндагии СММ оид ба дастгирӣ дар Либия Мартин Коблер созишномаи дар Марокаш ба имзо расидаро оид ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Либия истиқбол кард.
«Созишномаи имрӯза воҳиди ягонаи ниҳодҳои қонунии ҳокимиятро муқаррар мекунад, ки асоси сулҳ, амният ва шукуфоӣ дар Либия мегарданд. Ин ҷо гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаи Либия, аз ҷумла аъзои Палатаи намояндагони Конгресси умумимиллӣ, мардон ва занон аз ҳизбҳои сиёсии гуногун, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аксари роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҷамъ омадаанд», — гуфт Мартин Коблер.
Намояндаи СММ имрӯзро барои Либия рӯзи таърихӣ хонда, зикр кард, ки тибқи ин созишнома ниҳодҳои қонунии ҳокимият, ки барои таъмини сулҳ, амният ва шукуфоии Либия заруранд, таъсис дода мешаванд.
Мартин Коблер изҳор дошт, ки барои касоне, ки дар маросими ба имзорасонӣ дар Марокаш иштирок надоштанд, «дар кушода меистад». Ӯ созишномаи навро оғози як роҳи душвор гуфта, тамоми либиягиҳоро ба ризоияти миллӣ ва муколама даъват кард.
СММ таъкид намуд, ки минбаъд низ дар ҳама гуна кӯшишҳои ҷонибҳои Либия барои бартараф кардани ихтилоф иштирок хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






