Сокини Вена аз Дунай беш аз сад ҳазор евро сайд кард

Декабрь 9, 2015 04:07

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар обҳои Дунайи Вена беш аз сад ҳазор евроро сайд карданд, хабар медиҳад сомонаи «The Local».
Полиси Вена иттилоъ гирифт, ки ҷавоне худро ба оби хунук партофта, ба гуфтаи шоҳидон қасди худкушӣ дорад.
Вале, полис ба ҷойи ҳодиса омада, мебинад, ки ин ҷавони эҳтимолан худкушикунанда аз даруни рӯд пулҳои 100 ва 500 евроиро сайд мекунад.
Ба гуфтаи ҷавон ӯ ният дошт, ки пас аз сайд ин пулҳоро ба полис диҳад. Аммо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ҳоло қарор накардаанд, ки ин пулҳоро онҳо ёфтанд ё шиновар. Полис ҳақиқӣ будани пулҳоро тасдиқ кард.
Мутобиқи қонуни Австрия ҳар нафаре, ки пул меёбаду онро ба полис медиҳад, аз 5 то 10 фоизи онро мегирад. Дар ҳолате, ки дар давоми як сол соҳиби қонунии пул ёфт нашавад, нафари онро ёфта метавонад пулҳоро пурра  соҳиб шавад.
То ҳол муайян нашудааст, ки ин пулҳо аз куҷо дар об пайдо шудаанд. Дар бораи маблағҳои ҷиноӣ  будани ин пулҳо низ маълумот нест. Бино ба иттилои маркази матбуоти полиси Австрия, дар чанд рӯзи охир хабар дар бораи дуздии маблағҳои калон нарасидааст. 

 

 

 

Декабрь 9, 2015 04:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд