Сокинони Хоруғ бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мегарданд
Хоруғ, 4.12. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии рушд 1 миллиону 367 ҳазор доллари амрикоӣ барои таъмин намудани маркази вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ ҷудо кардааст. Амалӣ намудани ин барнома ба ду марҳила ҷудо гардида, имрӯзҳо марҳилаи дуюм — пайвастани қубурҳои обгузар давом дорад.
Бояд гуфт, ки интиқоли об тавассути қубурҳо аз мавзеи Боғевдараи ҷамоати деҳоти Сучон ба маркази вилоят ба роҳ монда мешавад. Бахтиёр Элназаров — мушовири Бонки аврупоии рушд дар ВМКБ иброз дошт, ки ҳамчунин тибқи нақша ҳавзҳои обтақсимкунӣ, ҳавзҳои захираи об ва бино барои омезиш ва такшини хлор, яъне безараргардонии об сохта мешаванд. Имрӯзҳо сокинони шаҳри Хоруғ аз тариқи реҷа бо об таъмин гардида истодаанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






