Созишнома барои дастгирии ислоҳот дар соҳаи САҲШ
Душанбе, 16.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз дар Душанбе миёни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Агентии швейтсариягӣ оид ба ҳамкорӣ ва тараққиёт маросими баимзорасии лоиҳаи созишнома оид ба «Дастгирии ислоҳоти соҳаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар маросими мазкур вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, роҳбари Агентии швейтсариягӣ оид ба ҳамкорӣ ва тараққиёт Питер Микула, ҳамоҳангсози доимии Барномаи тараққиёти Созмони Миллали Муттаҳид Александр Зуев ва роҳбарони сохторҳои вазорати адлия иштирок мекунанд.
Созишномаи мазкур дар доираи ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо Барномаи тараққиёти СММ (БТСММ) ба имзо расида, барои дастгирии ислоҳоти соҳаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ равона шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






