Созишномаи байни Бонки «Эсхата» ва БАБТ ба имзо расид
Душанбе, 08.12.15. (АМИТ «Ховар»). Бонки «Эсхата» созишномаро барои гирифтани қарзи якум аз Бонки аврупоии босозӣ ва тавсеъа баробари 3 миллион доллари ИМА ба манзури минбаъд додани қарз ба намояндагони соҳибкории хурду миёна ва хонаводаҳо ба имзо расонид.
Дар давраи иштироки намояндагони кишварҳои ҷаҳон дар конфронс аз рӯи масъалаи иқлим дар шаҳри Париж Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа барномаи нави маблағгузориро роҳандозӣ менамояд, ки мақсад аз он коҳиш додани оқибатҳои тағйири иқлим аст. Барномаи озмоишии устуворияти иқлим шарики барномаи мазкур ба шумор меравад.
«Тоҷикистон аввалин кишвари ба дастоварандаи механизми озмоишии маблағгузории муқовимат ба оқибатҳои тағйири иқлим, аз ҷумла кифоят накардани захираҳои об, чун яке аз кишварҳои осебпазиртарин аз оқибатҳои тағйири иқлим мегардад. Қарзҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна ва хонаводаҳо истифода мешаванд», — изҳор дошт намояндаи бонк.
Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа дар арафаи конфронс аз рӯи масоили иқлим дар Париж стандартҳои нави баландтари маблағғузории барномаҳои иқлимро қабул намуда, ният дорад, ки 40 фоизи даромади солонаашро барои лоиҳаҳои устувории захираҳо то соли 2020 сарф намояд. Бонки мазкур аз ҳоло ба барномаҳои самарабахшии энергия ва лоиҳаҳои хурди бозтакрори энергия дар аксарияти кишварҳояш чунин қарзҳоро пешниҳод менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






