Суди ноҳияи И. Сомонӣ: Пайравони равияи «Салафия» маҳкум шуданд
Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрвандон А. А. ва А. Х. — ро бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Маълум гардид, ки А. А. тахминан моҳи апрели соли 2012 бо даъват ва ақидаҳои динии Искандар ном шиносаш розӣ шуда, таълимоти ғайриқонунии динии равияи «Салафия»-ро омўхта, ба ин гурўҳ шомил гардидааст. Ӯ дидаву дониста, ки фаъолияти ин равия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардида, фаъолияташ манъ ва ҷиноят эътироф шудааст, ба он пайравӣ намудааст. Номбурда адабиёти динии равияи «Салафия»-ро дастрас намуда, таълимоти ғайриқонуниро дар хонаи истиқоматиаш давом медиҳад.
Судшаванда ба ғайр аз ин бародари худ А. Х.-ро, ки якҷоя бо ў истиқомат менамояд, тахминан соли 2012 барои шомил шудан ба равияи «Салафия» даъват намудааст. Онҳо якҷоя адабиёти динии манъшударо дастрас намуда, таълимоти мазҳаби суннатии дини Ислом-Ҳанафияро инкор намуда, намуди зоҳириашонро ба монанди риши дароз ва пўшидани шими кўтоҳи аз буҷулаки пой боло дигаргун намуда, дар масҷидхои шаҳри Душанбе намозҳояшонро аз рўи ақидаи равияи ифротгароӣ «Салафия» адо менамудаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия аз манзили истиқоматии А.А. ва А. Х., воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Зарафшон М- 1, бинои №10, ҳуҷраи № 35, 28 (бисту ҳашт) адад китоби динӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ дарёфт гардиданд, ки фарогири ақидаҳои ифротгароии мутааллиқ ба равияи «Салафия» буда, чопу фурўш ва паҳн намудани онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудаанд.
Суд нисбат ба А. А ва А. Х. бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохатан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми умумиро таъйин намуд.








Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






