ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз густариши ифротгароӣ дар миёни ҷавонон пешгирӣ мекунад
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-Имрўз бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кўлоб дар доираи даври дуюми чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ дар мавзўи «Ифротгароии ҷавонон: омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он» мизи гирд доир гардид.
Дар кори мизи мудаввар роҳбарияти созмони ҷавонони ҳизб, роҳбарони намояндагиҳои ҲХДТ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоб, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони бахши кор бо ҷавонон, занон, мақомоти муҳоҷират, дин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони мустақили масоили диниву мазҳабӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Зимни чорабинӣ мавзўъҳои вобаста ба сабабҳои ифротгароии ҷавонон, таҳлил ва баҳогузории ифротгароӣ, нақши васоити ахбори омма дар тарғиби мубориза бо ифротгароии ҷавонон, ислом ва ҳаракатҳои ифротии мазҳабии муосир ва иқдомоти ҳукумат дар масоили пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар самти тарбияи ватандўстии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рўҳияи андеша ва ақидаҳои солиму созанда дар ин мизгирд ироагардида барои таҳия ва тадбиқи ҷараёнҳои наву самарабахши корбарӣ кумак хоҳад намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






