Тақдими кумакпулӣ ба донишҷӯёни Конибодом
Конибодом, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар Қасри Арбоб мулоқоти раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ бо донишҷӯёни конибодомӣ, ки дар макотиби олии вилояти Суғд таҳсил доранд, баргузор гардид. Раиси шаҳр оид ба дастовардҳои шаҳри Конибодом, сохтмони корхонаву кӯдакистонҳо ва ободониву бунёдкориҳои шаҳр маълумот дод.
Зимни саволу ҷавоб бо донишҷӯён асосан бобати таъминот бо ҷойи кор, фароҳам овардани шароит барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, рӯзҳои шанбе то соати 18.00 ба роҳ мондани нақлиёти мусофирбари Конибодом-Хуҷанд, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саволу пешниҳодҳои худро иброз дошта, посухҳо гирифтанд.
Сипас аз номи раиси шаҳр ба хобгоҳи донишҷӯён маводи хӯрокворӣ ва ба 70 донишҷӯ кумакпулиҳои яквақта супорида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






