Таҷҳизоти замонавӣ аз ширкати «Минитюб» ворид гардид

Декабрь 11, 2015 05:27

     Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти  самараноки  бордоркунии сунъии чорво 10 декабр аз ҷониби Муассисаи давлатии  Маркази  идораи  Лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  таҷҳизоти муосир  барои озмоишгоҳи  бордоркунии сунъии Вазорати кишоварзӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гардидааст, аз  ширкати  олмонии  «Минитюб»  ворид  ва аз ҷониби мутахассисони худи ин ширкат васл карда шуд. 
Дар навбати худ мутахассисони ширкати мазкур, ки дар самти истеҳсоли чунин таҷҳизот дар миқёси байналмилалӣ хеле машҳур мебошанд, ба мутахассисони  маҳаллӣ истифодаи таҷҳизоти мазкурро  омӯзониданд.  Баъзе аз ҷузъҳои таҷҳизоти мазкур дар Тоҷикистон ҷадидтарин ба ҳисоб мераванд,  ки барои истеҳсол, яхкунонӣ ва нигоҳдории нутфа барои бордоркунии сунъии чорвои калон истифода мешаванд. Барои сари вақт  ба чорводорон расонидани хизмат бобати гирифтани насли солим ва хушзоти чорво дар назар дошта шудааст, ки якчанд сар чорвои хушзот барои истеҳсоли нутфа харидорӣ шавад.  Мавриди зикр аст,  ки қаблан  барои хушзот намудани чорвои аҳолӣ аз  ҷониби Лоиҳаи “Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон” 40 сар чорвои зотӣ харид ва ба аҳолии ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод,  Ховалинг,  Балҷувон, Темурмалик, Фархор ва Восеъ дастрас  шудааст. Инчунин бо дастгирии лоиҳа техникаи махсус барои интиқоли азоти моеъ ва нутфаҳо барои гузаронидани бордоркунии сунъии чорво  ворид шуд. 

 

 

Декабрь 11, 2015 05:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа