Таҷлили Рӯзи энергетикҳо дар ДТТ
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Рӯзи энергетикҳо, ки ҳамасола 22 декабр таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки дар рушд ва пешрафти соҳаи энергетикаи кишвар саҳми хатмкунандагони донишгоҳи мазкур бағоят бузург аст. Ба гуфтаи масъулини соҳа, ҳамасола нафарони зиёд бахши энергетикии ин муассисаи таълимиро хатм намуда, барои идомаи фаъолият ба неругоҳҳои обии барқӣ ва Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» равона мешаванд. Ҳамасола дар кишвар садҳо неругоҳҳои хурду миёна мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар баробари ин барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар боз бунёди даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ, зарурат ба мутахассисони болаёқату кордон аз ҳарвақта дида, бештар ба назар мерасад. Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни факултаи энергетикии донишгоҳ маҳсули истеҳсолнамудаи худро пешниҳоди ҳозирин намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






