Таҷлили Соли нав дар мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон сусти шаҳри Исфара
Исфара, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ дар мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара маҳфили идона баргузор гардид.
Қобили тазаккур аст, ки дар ин рӯз чун ҳамешагӣ дар арафаи соли нав корхонаҳои сарпараст кӯшиш карданд, ки табъи кӯдаконро шод гардонанд. Дар ин радиф ҶСК «Ориёнбонк» бо густурдани дастархони пур аз нозу неъмати идона ва ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» бо туҳфаҳои идона, аз ҷумла як адад телевизори плазмавӣ то хадде муваффақ шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр аз гӯшаву канори мухталифи вилояти Суғд 80 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълиму тарбияи хуб ва муоинаи мунтазами тиббиву табобат фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






