Таъмири 3630 км роҳҳои вилояти Суғд дар соли 2015
Суғд, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 3630,2 км роҳҳои мошингард, аз ҷумла 221 км таъмири асосӣ, 1442,3 км таъмири ҷорӣ ва 1966,4 км шағалпӯш карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 29,9 фоиз зиёд аст.
Мавриди зикр аст, ки қабули барнома аз ҷониби соҳибкорону сокинон дастгирии ҳамаҷониба ёфта, дар натиҷаи маблағгузории онҳо роҳу кӯчаҳо ба дарозии 46,7 км ба маблағи 32,7 миллион сомонӣ таъмиру тармим шуданд.
Дар маҷмӯъ Барномаи вилоятии “Соли 2015-идомаи соли роҳҳои обод” дар вилояти Суғд барзиёд ба иҷро расонида шуда, вазъи роҳҳои маҳаллӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






