Тарафдории вакилони Парлумон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»
Душанбе, 09.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 9-уми декабри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро дохил карда, онро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар иҷлосия 63 нафар намояндагони халқ ширкат доранд.
Пеш аз қабули Қонун раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам маърӯза намуда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат «- ро тарафдорӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки дар ҳақикат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст ва барои миллати тоҷик корҳои зиёдеро анҷом додааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






