Таътили зимистона дар муассисаҳои таълимӣ аз 1 январ оғоз мегардад
Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 1 то 31 январи соли 2016 барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона эълон шудааст.
Бо мақсади самаранок истифода намудани вақти таътил пешниҳод гардидааст, ки барои хонандагоне, ки дар озмунҳои фаннӣ иштирок мекунанд, дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ташкил мешаванд. Бо мақсади ҷалби хонандагон ба хониши китобҳои бадеӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки рӯйхати адабиёти бадеиро вобаста ба синни мактаббачагон таҳия намуда, роҳҳои ҳавасмандгардониро барои дар таътили зимистона фпро гирифтани хонандагон бо мутолиаи бештари китобҳои бадеӣ дарёфт намоянд.
Аз ҷумла, дар моҳи январ, яъне зимни таътили хонандагон, тибқи фармоиши вазорат бо омӯзгорон вобаста ба самти фаъолияташон семинар ва курсҳои омӯзишӣ бояд доир шаванд.
Бо мақсади ҷалби падару модарон ба мактаб ва тарбияи фарзанд дар таътили зимистона роҳбарони синфҳо ва муовинони директор оид ба таълим дар мавриди «Омилҳои асосии ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ даст задани наврасон ва роҳҳои пешгирии он» бо падару модарон суҳбатҳо мегузаронанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






