Тоҷикобод: Иқдоми бузург дар роҳи қадршиносии хизматҳои фарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикобод, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вобаста ба қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки 9 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, маҷлиси васеъ доир шуд.
Дар маҷлис раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир иброз дошт, ки ҷаласаи имрӯза таҷассумгари дастгирии мардум аз қабули ин қонун мебошад, чунки тоҷикон ҳазорсолаҳо баъд аз заволи давлати Сомониён ва пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ соҳиби истиқлолият ва давлати миллӣ гаштанд. Вале воқеоти солҳои навадуми асри гузашта кишварро ба вартаи мушкилоти ҷанги бародаркуш кашида, давлати тозабунёди тоҷикон ва миллати тоҷик дар рӯ ба рӯйи хавфи нестшавӣ қарор доштанд. Дар ҳамин гуна лаҳзаи ҳассос Президенти имрӯзаи кишвар — Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, бо заҳмати беканор ва муҳаббати беандоза ба ин кишвару миллат бо иродаи матини хеш тавонист мардумро дар атрофи худ муттаҳид созад ва кишвари тоҷикро аз хатар раҳонад. Дар бораи кӯшишу талошҳояш барои рушди иқтисоду иҷтимоиёти кишвар соатҳо сухан рондан кам аст. Қабули ин қонун барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, давом додани анъанаи давлатдорӣ, муттаҳид сохтани халқ дар самти созандагию бунёдкорӣ зарур аст. Дар ниҳояти кор, ин як иқдоми бузургест дар роҳи қадршиносии хизматҳои фарзанди миллат, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, — иброз дошт раиси ноҳия.
Ҳамчунин дар чорабинӣ мудири шуъбаи маориф Зебо Ҳимматова, омӯзгори муассисаи таълимии №1 Саймурод Қуқанзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусатторов ва дигарон қабули қонуни мазкурро саривақтӣ ҳисобида, онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






