Ҳукумати Русия квотаи кормандони хориҷиро кам мекунад

Декабрь 24, 2015 06:32

Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Русия соли оянда  квотаи  кормандони  хориҷиро  қариб чоряк  баробар  кам  мекунад. 
Тавре  ки  дар қарори  дар сомонаи расмии  ҳукумати  ФР  дарҷгардида  гуфта  мешавад,  соли оянда квотаи  кормандони  хориҷӣ дар  Русия  қариб  214  ҳазор  нафарро ташкил  медиҳад, ки   назар ба  нишондоди  соли  2015 баробари  22,4  фоиз  кам  аст. 
Ҳаҷми  талабот ба қувваи  кории  хориҷӣ  барои соли  2016  — ум 0,3  фоизи теъдоди  аҳолии  аз  нигоҳи  иқтисодӣ  фаъоли  Русияро ташкил  медиҳад, ки ин  ба бозори  меҳнат  таъсири  манфӣ  намерасонад.
Ёдовар  мешавем, ки  муҳоҷирони  тоҷик асосан  Русияро ҷойи  кори  худ  интихоб  мекунанд. Мувофиқи  маълумоти Хадамоти федералии  меҳнати  ФР,  то 4  декабри  соли  равон 896  ҳазор  нафар  шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар  қаламрави  Русия  буданд. Шумораи   шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар ҳудуди  ФР  нисбат ба оғози  сол баробари  тақрибан 103 ҳазор  нафар  коҳиш  ёфтааст.

 

 

 

 

 

 

Декабрь 24, 2015 06:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад