Қурғонтеппа: Намоишномаи «Солори Аҷам» пешниҳод шуд
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи «Солори Аҷам» пешниҳоди тамошобинон гардид.
Намоишномаи мазкур ба ҷашни 700-солагии мутафаккири машриқзамин Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ бахшида шуда, аз рӯи асари Файзи Ашӯр ва дар таҳияи коргардон Мирзоватан Миров, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон бо заҳмати зиёд рӯи саҳна омадааст.
Намоишномаи «Солори Аҷам» бобати зиндагии пуртазоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қиссагӯӣ намуда, мушкилоту монеаҳои зиндагии ӯро тасвир менамояд ва ба ин васила тамошобинро ба некхоҳиву накӯкорӣ ҳидоят менамояд.
Намоишнома аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо маҳорати баланди касбӣ пешниҳод гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






