Қуръапартоии мусобиқоти Осиё — 2016 оид ба футзал
Душанбе, 03.12.15. (АМИТ «Ховар»). — 2 декабр маросими қуръапартоии қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё оид ба футзал баргузор гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи тақсимот бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ дар сабади чорум қарор гирифт.
Ҳайатҳои пурраи сабадҳо чунинанд:
Сабади 1: Ӯзбекистон, Ҷопон, Эрон, Таиланд.
Сабади 2: Австралия, Юнон, Ветнам, Ироқ.
Сабади 3: Қирғизистон, Тайбэи Чин, Малайзия, Чин.
Сабади 4: Тоҷикистон, Қатар, Урдун, Арабистони Саудӣ.
Мусобиқоти Осиё — 2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар Ӯзбекистон баргузор мегардад. Аз ин пеш футзалчиёни Тоҷикистон дар даврҳои ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ ҳашт маротиба — солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012 ва 2014 иштирок намуда буданд. Ба бозиҳои чорякниҳоии мусобиқоти Осиё — 2007 дар Ҷопон роҳхат пайдо намудани дастаи мунтахаби кишвар комёбии беҳтарини он ба шумор меравад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






