Устодони ДДҚ ба номи Н. Хусрав: «Мардуми Тоҷикистон ибораи «Ваҳдати миллӣ»-ро дар мағзу устухони худ ҷой додаанд»

Декабрь 22, 2015 11:47

Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 декабри соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дод ва дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат пазируфта шуд, рӯҳбаланд гашта, ин лоиҳаро санади муҳиму таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз б медонанд: «Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хидматҳои мондагор кардааст.
Воқеан, ваҳдати миллие, ки дар сарзамини маҳбубамон — Тоҷикистон пайрезӣ ва устувор шуда истодааст, дар ибтидо тавонист баҳри таъмини густурда ва устувори иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ин сарзамин мусоидат намояд. Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши боризе гузошт, ки тамоми ҷомеа мунтазираш буданд.
Бояд иқрор шуд, ки сабақи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ суханони пурихлос ва содиқонаи собиқ Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ҳоло Президенти кишвар дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон боис гардид. Ибораи «Ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро дар дилу дида ва мағзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин сухани муқаддас тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди Ватану ватандорӣ ҳидоят карда, фаҳму тафаккури миллионҳо ҳамватанонро ба мафҳуми ватанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ пайванд кард.
Ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни онро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ногуфта намонад, ки раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу оштӣ нуфузу манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурд ва ҷойгоҳи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳод ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаи зиёди ҳаётан муҳимми минтақавиву байналмилалӣ рафъат бахшид. 
Сабаби асосии дар як муддати начандон тӯлонӣ ба сулҳу салоҳ омадани миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бархурдории ин миллат аз фарҳанги сулҳ аст, ки бунёду асоси онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Ваҳдати миллӣ мафҳуми хушку холӣ ва тасаввуроти хаёлӣ набуда, балки мазмуни жарфи иҷтимоиву таърихӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки тафаккуру андешаи миллати фарҳангофари тоҷик аз даврони оғози пайдоишаш бар мабнои сулҳу субот, ватандӯстиву ватанпарастӣ, башардӯстӣ, дӯстиву рафоқат, панду андарз, сидқу вафо, ваҳдату ягонагӣ ва амсоли инҳо бунёд ёфтааст.
Сулҳу салоҳ дар табиату хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод, дар хуну пӯст ва дину имони миллати тоҷик аз дер боз мақоми марказиро дорост. Пӯшидаву пинҳон нест, ки тамоми динҳои ҷаҳон, бахусус дини мубини ислом, ҳама гуна ҷангу низоъро маҳкум ва сулҳу оштиро тарғибу талқин мекунад, чунки сулҳ дар фарҳанги мо — тоҷикон беҳтарину муҳимтарин василаи расидан ба саодати кавнайн аст. 
Хушбахтона, мо бо ифтихору сари баланд гуфта метавонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мавҷуд будани баъзе монеаҳову душвориҳо, гаронтарину пурдаҳшаттарин масъалаҳои ҷомеаи тоҷикон-низои миллӣ ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид, гурезаҳоро аз ғарибӣ ба ватан баргардонид, баҳри барқарор намудани давлати миллӣ, сохторҳои қудратии он, низоми давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ба ҳам овардани миллат, созишномаи истиқрори сулҳ ва дар ҳамин замина таъмин намудани ваҳдату ягонагии миллӣ ва амсоли инҳо саъйи балеғе ба тақдим расонид ва расонида истодааст. Ин рафтор аз он шаҳодат медиҳад, ки андешаи миллии тоҷикон аз оғози таърихи пайдоишаш саршор аз ақидаҳои сулҳу субот, башардӯстӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, якдиливу якдигарфаҳмӣ будааст. Ин фазоили атоӣ, бидуни шакку тардид, миллати моро ба ҳадафҳои волои моддӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳидоят намуда, то ба сӯйи ваҳдати комилу пайкори дастҷамъӣ мерасонад. Дар айни замон вазифаи умумимиллии ҷомеа, миллати тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз он аст, ки ҳама гуна хусумат, кинаву адоват ва манфиатҳои инфиродиро ба як сӯ гузошта, дар атрофи роҳбари сиёсӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагии устувору побарҷоро фароҳам оварда, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро таҳким бахшида, неруҳои солиму ватанпарварро баҳри ҳалли нақшаҳои дурнамои стратегии умумимиллӣ ва умумидавлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлати миллӣ сафарбар намоянд.  
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон дар садади мавқеи хос пайдо кардан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, чандин сол мешавад, ки бо мамолики мутараққии ҷаҳон ҳамкории бисёрҷонибаи судмандро ба роҳ мондааст. Барои мавқеи хос пайдо кардан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки гузаштаи худро хуб дарк намоем, аз таҷрибаи ниёгон истифода бурда, бо силоҳи пурқудрати илму дониш мусаллаҳ шавем, аз навгониҳои техникаву технологияи муосир бархурдор бошем, бо шуури пурғановати таърихию анъанаҳои бой, маросими суннатӣ, ҳаёти маишӣ, тарзи зиндагии миллӣ, ки васоити асосии ҳастии миллат аст, ба ҷаҳони муосир ворид гардем ва дар тамаддуни умумибашарӣ саҳми худро гузорем. Ҳамчунин сабақҳо, донишҳо, дастовардҳо ва ҳунаре, ки мо аз тамаддуни ҷаҳонӣ мегирем, ба андешаи миллии имрӯзаамон мувофиқу мутобиқ гардонида, дар татбиқи он саъй варзем.
Ҳайати профессорон, устодон, созмонҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён ва кулли кормандони Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» хушнуду фараҳманд гардида, ба мақоми боиставу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат сазовор гардидани Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми бошарафи кишвар табрику таҳният мегӯянд. 
Мо бовар дорем, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат Ватани азизамон боз ҳам шукуфотару беҳтар гардида, мардуми шарафманди он дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои созандаву бунёдкоронаро ба анҷом мерасонанд».

 

Декабрь 22, 2015 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад