Қувваҳои таъйиноти махсуси ИМА дар Ироқ роҳбари ДИ аш — Шишаниро дастгир намуданд
Душанбе, 28.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Қувваҳои таъйиноти махсуси Амрико бар асари амалиёти махсус дар музофоти Киркуки Ироқ яке аз роҳбарони гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИ) террористи лақабаш Абу Умар аш — Шишаниро дастгир намуданд. Дар ин бора рӯзи якшанбеи гузашта Агентии иттилоотии EIN хабар дод.
«Қувваҳои таъйиноти махсуси Амрико дар баробари аш — Шишанӣ боз ду қумондони саҳроии ДИ — ро дастгир намуда, дар ҷараёни амалиёти десантӣ дар мавзеи Ар — Риёди музофоти Киркук ҳафт нафар силоҳбадастонро нест намуданд», — хабар медиҳад агентӣ. Мувофиқи маълумоти агентӣ, се нафар ифротталабонро ба шаҳри Сулаймонияи қисми шимолу шарқии кишвар овардаанд.
Аз ин пеш васоити ахбори омма дар бораи ҳалокати аш — Шишанӣ борҳо хабар дода буданд, вале баъдан ин хабари онҳо тасдиқ нашуд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, қувваҳои таъйиноти махсуси ИМА 21 декабр дар Ироқ мустақар шуда буданд. Тавре ки намояндаи ҳайати фармондеҳони эътилофи байналмилалӣ оид ба муборизаи зидди ДИ изҳор дошт, ҷузву томҳои зикршуда «баъди машварат бо роҳбарияти кишвар амалиёти махфиро роҳандозӣ менамоянд». Теъдоди қувваҳои зикршуда 100 нафарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






