Узбекистон омодаи ташкили расонидани маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва саноати кимиёвӣ ба Тоҷикистон аст
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ҳайати соҳибкорони Ӯзбекистонро ба иштироки фаъолона дар бозори Тоҷикистон даъват намуд.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Ш. Саид ин даъватро зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони Узбекистон — муовини раиси ширкати саҳомии «UZMARKAZIMPEKS« Сардор Абосхонов, муовини раиси Шӯрои ширкати «MarkazSanoatExsport» Олимҷон Қаюмов ва сардори Раёсати маркетинги ширкати саҳомии «USPROMMASHIMPEKS» Сарвар Эргашев эълон намуд.
Зимни мулоқот оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон табодули афкор сурат гирифт.
Дар ин замина, масъалаи кушодани маркази тиҷоратии Узбекистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Соҳибкорони Узбекистон омодагии худро барои кушодани Маркази савдои Узбекистон дар шаҳри Душанбе ва ташкили дастрасии доираи васеи маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, барқӣ ва кимиё ба Тоҷикистон изҳор доштанд.
«Узбекистон ба рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва судманд бо Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳавасманд аст», -зикр намуданд соҳибкорони Узбекистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






