В. Наудужас: «Тоҷикистон бо ҷолибият ва дурнамояш моро дар ҳайрат мегузорад»
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). «Тоҷикистону Литваро таърих ва дӯстии миёни мардумонамон бо ҳам мепайвандад», — гуфт сафири Литва дар Тоҷикистон Витаутас Наудужас пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дакр идомаи андешаронӣ ӯ таъкид намуд, ки асри XX — асри рушд ва самаранокӣ аст, ки дар он мардуми тоҷик ба муваффақияти назаррас ноил гашт. «Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Литва ташриф овард ва дар навбати худ вазири корҳои хориҷии мо низ аз шаҳри Душанбе дидан кард. Тоҷикистон бо ҷолибият, дурнамо ва мардуми некаш моро дар ҳайрат мегузорад. Илова бар ин, Тоҷикистон дорои табиати зебои тавсифнашаванда мебошад. Дар тамоми ҷаҳон шоирон ва донишмандони тоҷик, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Умари Хайём, Абӯалӣ Ибни Сино ва дигарон маълуму машҳур мебошанд».
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони як зумра кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






