ВАО: на кам аз 22 нафар бар асари таркишҳо дар шаҳри Тал-Тамири Сурия ҳалок гардид

Декабрь 11, 2015 11:11

Душанбе, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Бар асари силсилаи таркишҳо дар шаҳри насрониёни Тал-Тамири Сурия на кам аз 22 нафар ҳалок гардида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора бо такя ба шабакаи телевизионии «Sky News — Arabiya» «ТАСС» иттилоъ медиҳад.
Рӯзи панҷшанбе шабакаи телевизионии Лубнон «Аl-Mayadin» оид ба ҳамлаи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба шаҳри Тал-Тамир хабар дод, ки ифротгароён се мошини минадорро тарконданд. Миёни қурбониён аҳолии осоишта ва сарбозони неруҳои худмуҳофизатӣ, ки онҳоро курдҳо ва ошуриёни ин минтақа ташкил медиҳанд, ҳастанд. 

Декабрь 11, 2015 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш