ВАО ва ба ном коршиносони мустақили иқтисодӣ ба вазъи имрӯза рангубори моҳирона медиҳанд
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Тайи ду ҳафтаи охир дар рӯзномаю ҳафтаномаҳо, сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои иттилоотӣ ва радиоҳои дохилию хориҷӣ оид ба вазъи бозори дохилии асъори нақд ва тағйирёбии қурби пули миллӣ садоҳои зиёд ба нашр расиданд, ки дар бештари мавридҳо матолиби пешниҳодкардаи онҳо ба воқеияти феълӣ ва дарки омилҳои ин дигаргуниҳо ҷавобгӯ нестанд. Бале пӯшида нест ва шумо шоҳид ҳастед, ки дар чанд рӯзи гузашта вазъи бозори дохилии асъор ноустувор гашта, қурби доллари нақдии ИМА нисбат ба сомонӣ якбора баланд шуд”,-гуфт муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфтаи муовини раиси Бонки миллӣ бо вуҷуди он ки тағйирёбии қурби доллари нақди ИМА тайи соли гузашта ва соли равон барои тамоми кишварҳои ИДМ ва мамолики дигари дунё ҳамчун ҳолати муқаррарӣ мебошад, дар ҷумҳурии мо аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ва ба ном коршиносони мустақили иқтисодӣ ин вазъ бо воҳимаю таҳлуқа, рангубори моҳиронаю хулосабарориҳои беасос ва бе овардани далелу рақамҳои бовариноку воқеӣ пешниҳод мешавад.
“Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти худ тавассути сомонаи интернетии бонк ва дигар расонаҳо, ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъору қурби пули миллӣ, нақшаю чорабиниҳои андешидашаванда ва амалишуда, маълумоти пурра пешниҳод менамояд”,-илова намуд Ҷ. Нуралиев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






