Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Чинро қабул кард
Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 7 декабри соли 2015 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.
Дар суҳбате, ки пас аз маросими тақдими нусхаҳои эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо аз раванди густаришу таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, илмию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо нақшаҳои муштаракро барои идомаи татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар натиҷаи вохӯриҳои роҳбарони ду кишвар дар Душанбе моҳи сентябри соли 2014 ва дар Пекин моҳи сентябри соли равон ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина бар зарурати пешбурди муштарак ва татбиқи лоиҳаҳое, ки барои рушди босуботи Тоҷикистон ва тамоми минтақа аҳамияти мубрам доранд, таъкид шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






