Воридоти маводи пиротехникӣ ошкор гардид
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пеши роҳи воридот ва паҳн гардидани маводи пиротехникиро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз тарафи кормандони гумрук дар роҳи мошингарди самти Конибодом-Хуҷанд шаҳрванд Қаюмов Абдурасул, соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд барои муоинаи гумрукӣ боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи ӯ 25 қуттии калон бо 6 ҳазору 600 адад маводи тарфгарӣ бо навиштаҷоти «Трения» дарёфт шуд. Номбурда ин миқдор маводи тарфгариро дар ҳудуди деҳаи Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз шахси номаълум харидорӣ намуда, мехост онро ба шаҳри Хучанд интиқол диҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Қаюмов Абдурасул парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 эзоҳ-1 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






