Вусъат ёфтани корҳои ободонӣ дар осоишгоҳи ВКД дар Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим дидан кард.
Осоишгоҳи ВКД дар Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим дар ҳолати валангор қарор дошта, барои истироҳату фароғати кормандон номусоид гаштааст.
Вазири корҳои дохилӣ барои пурра барқарор намудани осоишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки он бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад. Баъди барқарор намудани оҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд ҳам аз оби гарм ва ҳам аз табиати нотакрори осоишгоҳи мазкур самаранок истифода бурда, бо аҳли оила ва пайвандону наздикон истироҳат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






