Як сабаби тағйирёбии босуръати қурби нақдӣ- ин бад шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон мебошад

Декабрь 4, 2015 10:08

Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти  Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ омилҳои асосиеро, ки сабаби тағйирёбии босуръати қурби нақдӣ дар рӯзҳои охир шудаанд, номбар намуданд. 
Аз ҷумла,  раванди пурқувват шудани доллари амрикоӣ вобаста ба интизориҳо аз баланд шудани фоизи қарздиҳии Бонки марказии ИМА (ФРС) (эҳтимолан дар миёнаи моҳи декабр), бад шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон, бинобар воқеаҳои Сурия ва Туркия, пастравӣ ва ноустувории нархи нафт ва вобаста ба ин тағйирёбии аз эътидол беруни қурби асъори миллии шарики асосии тиҷоратии мо (Федератсияи Русия),  омили мавсимӣ ва вобаста ба он кам шудани вориди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби кам шудани воридоти интиқоли пулии шахсони воқеӣ ва зиёд шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ, омилҳои равонӣ вобаста ба интизориҳои бад шудани вазъияти ҷаҳон, минтақа ва тағйирёбиҳои минбаъдаи қурб ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди фурӯши доллари нақди амрикоӣ ва зиёд шудани талабот ба хариди он аз ҷониби аҳолӣ сабаби ин вазъ гашта буд. 
“Омили ҳаннотӣ аз ҷониби кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кӯшишҳои нигоҳ доштани даромади калони қаблан вуҷуддошта аз фарқияти қурбҳо дар бозори ғайрирасмии хариду фурӯши доллари нақдии ИМА, муносибат ва рафтори худи шахсони воқеӣ — фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ, аз ҷумла ба овозаю хабарҳои беасосу бардурӯғ бовар намудани шахсони воқеӣ ва саросемавор ба ҳар гуна қурби аз ҷониби ҳаннотони беинсоф пешниҳодшуда мубодила  кардани маблағҳои пулиашон, ки дар ниҳоят зарар мебинанд, низ сабаби тағйирёбии қурби асъор гаштааст”,-гуфт Ҷ. Нуралиев.

Декабрь 4, 2015 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд