Ю Э Бин: «Барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Чин тамоми кӯшишҳои имконпазирро ба харҷ медиҳам»
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз, 10-уми декабр сафири нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ю Э Бин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супорид.
«Хеле шодам, ки маро сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон таъйин карданд, чунки 17 сол муқаддам ман дар сафорат ба ҳайси мушовир кор мекардам», — гуфт Ю Э Бин пас аз маросими эътимодномасупорӣ.
Бино ба гуфтаи дипломати чинӣ, имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин дорои хусусияти шарикии стратегӣ мебошанд. «Дар солҳои охир ҳамкории мо қариб дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гаштааст, чунин дастоварде, ки қаблан вуҷуд надошт. Итминон дорам, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амният, шарикии тиҷоратӣ ва ҳамчунин дар соҳаи гуманитарӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Ман ҳамчун сафир барои расидан ба ин аҳдоф тамоми кӯшишҳои имконпазирро ба харҷ медиҳам», — гуфт сафири ҶМЧ дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони як зумра кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар доираи сиёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ва омодааст, ки бо тамоми кишварҳои дунё — бидуни истисно — муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






