«Журналистикаи сиёсии мо дар кадом сатҳ аст?», «Ҷинояткории ҷавонон афзудааст», «Рақсат ба ман кайф надод», «Охирин ҷаҳиши бабр» — ин ва дигар мақолаҳои дар нашрияҳо чопшуда

Декабрь 24, 2015 05:37

Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии ҳукумати мамлакат «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 253 аз 19-уми декабри соли равон бахшида ба Рӯзи энергетикҳо, ки ҳамасола 22-юми декабр таҷлил мешавад, мақолаи Н.Ёдгориро бо номи «Рушди гидроэнегетика рушди Тоҷикистон аст» ба нашр расонида, оид ба сафари спикери Парлумони мамлакат Ш.Зуҳуров ба Кувайт, сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар навгониҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишии Тоҷикистону кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хабарҳо чоп кардааст.  «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 254 аз 22-юми декабри соли равон мақолаи Д.Рӯзиевро бо номи «Талош» (оид ба сафарҳои тақдирсози Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон) нашр намудааст. Муаллиф менависад: «Аз баракати сулҳи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар шаҳру навоҳии мамлакат аз харобаҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст… Аз ин рӯ, ҳар фарди худшиносу худогоҳи ҷомеаро зарур аст, ки аҳамияти таърихии ин дастовардҳоро, ки бо исми Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат бастагӣ доранд, дуруст дарк намуда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати пойдор, арзишҳои сиёсиву маънавии Истиқлолияти давлатӣ саҳми муносиби худро гузорад». Дар ин шумора ҳамчунин мақолаҳо оид ба омилҳои манфии соҳибкорӣ, ҷиноятҳои вобаста ба заминфурӯшӣ ва дигар мушкилоти ҷомеа пешкаши хонандагон шудааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» аз 23-юми декабри соли равон сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав ва иштироки Сарвари давлат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД инъикос гардидааст. Дар шумораи мазкур хабарҳо оид ба табрикоти раиси Парлумони Кувайт ба муносибати қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», маблағгузори идомаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, мақолаи М.Аҷамӣ «Шамъи рӯшани сулҳ» дар бораи ғазалҳо ва шеърҳои шоири зинданом Ашӯр Сафар чоп шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 21-уми декабри соли равон дар 8 саҳифа чоп шуда, ҷараёни Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ба таври муфассал пешкаши хонандагон кардааст. Дар иҷлосияи мазкур 22 масъала барои баррасӣ пешниҳод шуда буд ва аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро якдилона ҷонибдорӣ карданд. Дар саҳифаҳои нашрия суханрониҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода, директори мактаби президентии шаҳри Хоруғ Арамбегим Матобшоева, собиқ президенти Тоҷикистон Қ.Маҳкамов, раиси н.Қубодиён С.Назар, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва дигар аъзои Маҷлиси миллӣ пешкаши хонандагон шудаанд. Дар шумораи 176 аз 24-уми декабр «Садои мардум» аз сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба давлати Кувайт, ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Маскав хабарҳо чоп шуда, оид ба рушди истеҳсолоти алюминий мақолаи таҳлилии Игор Сатторов ба нашр расидааст.

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи ҷумҳуриявии ӯзбекзабони «Халқ овози» таҳти рақами 51 аз 24-уми декбари соли равон мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи «Пешвои миллат – кафили устувории давлатдории миллӣ» нашр шудааст. Мақолаи «Роҳбари бомаърифат халқпарвар мебошад», ки бо қалами сармуҳаррири «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода ва котиби масъули ҳафтанома Искандар Маҳмадалиев навишта шудааст, дар бораи дастгирии рӯзномаҳо ва аҳли қалам аз ҷониби раиси ноҳияи Қубодиён С. Абдураҳмонзода нақл мекунад. 

 

 «Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм дар шумораи навбатӣ аз 25-уми декабри соли равон Низомномаи Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро нашр карда, аз мулоқоти вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид бо сафири Ҳиндустон Бираҷа Прасад хабар чоп кардааст. Дар нашрия мақолаи омӯзгор Нигина Юсуфова бо номи «Пайдарҳамии мавзӯъҳо муҳим аст» пешкаши хонандагон шудааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо номи «Даст ба хун, дил ба гуноҳ» оид ба аъмоли зишти ҷавонони гумроҳ, ки ба паҳн кардани ақидаҳои ифротии ДИИШ машғул буданд ва дар доираи қонун ҷазо гирифтанд, мақолаи муовини раиси Суди ш.Душанбе А.Қурбониёнро чоп кардааст. Дар ин шумораи ҳафтанома аз Конфронси ҷумҳуриявии «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯён дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» гузориш таҳти сарлавҳаи «Ҷинояткории ҷавонон афзудааст» гузориши муфассал нашр шудааст.

 Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Охирин ҷаҳиши бабр» мақолаи журналист Одили Нозирро дар бораи Рустам Амакиев, қаҳрамонии ин ҷавонмарди Ватан, зиндагонии падару модар ва зану фарзандони Рустам Амакиев чоп кардааст. «Рақсат ба ман кайф надод», «49 рӯзи пурмоҷаро», «Тоҷикон ва демография» ва дигар мақолаҳои ҷолиб пешкаши хонандагони ҳафтанома шудаанд.

«Нигоҳ» — нашрияи созмони ҷамъиятии «Индем» аз таҷлили Шаби чилла (шаби ялдо) дар Эрон гузориши тасвирӣ пешкаши хонандагон карда, мақолаи муаллифон А.Боқизода, М.Саидзода, Х. Раҳимиро бо номи «Ҷӯрабеки инсонгаро» ба муносибати зодрӯзи овозхони маъруфи тоҷик Ҷ.Муродов чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи Фатҳуллоҳ Гуленро бо сарлавҳаи «Фаҳмиши худро бо интиқод баррасӣ намоем» ва мақолаи Бибиҷон Ашӯрова «Муҳоҷирон бармегарданд! Ҷойи кор ҳаст?»-ро чоп кардааст. 

Нашрияи «СССР» мақолаи О.Муродовро бо номи «Тоҷиксодиротбонк: аз овоза то ҳақиқат» чоп кардааст.

 Ҳафтаномаи «Самак» бо номи «Карими шиш» намоишномаи Зариф Ғуломро чоп карда, мақолаи А.Абдуқаҳҳорро бо номи «Сагнома» пешкаши хонандагони худ кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаҳои «Журналистикаи сиёсии мо дар кадом сатҳ аст?», «Ҷинояти хакерӣ – шакли нави терроризм», «Хурофот монеи пешравист» ва дигар матлабҳоро нашр кардааст. 

 

Декабрь 24, 2015 05:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад