100% беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил ба табобат фаро гирифта шуданд
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Озмоишгоҳи бактериологӣ мансуб ба кишти балғам дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, маводи сарфшаванда барои гузаронидани кишт ҷудо шудааст”,-гуфт Лола Бобоҳоҷиева, муовини авали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имрӯз, 13 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 100% беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил ба табобат фаро гирифта шудаанд.
“Дар соли 2015 амалиёти пайвандсозии гурда идома ёфта, ҳамзамон ҷарроҳиҳои метаболикӣ ва пайвандсозии ҷигар бо муваффақият гузаронида шуданд. Аз ҷониби гурӯҳи мутахассисон амалиёти пайвандсозии гурда дар минтақаҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд бо муваффақият ба роҳ монда шуд”,-иттилоъ дод муовини аввали вазири тандурустӣ.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






