50 млн. 734 ҳазору 682 рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон пардохт гардид
Душанбе, 04.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи маълумоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар соли 2015 аз ҷониби муассисаҳои таълимии ин кишвар ба 309 ҳазору 765 муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати донистани забон, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия дода шудааст.
Кормандони намояндагӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия бо коллективҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳо ва ташкилоти ҷамъиятии муҳоҷирон ҳамкории мунтазам дошта, барои ҳалли мушкилоти онҳо пайваста мусоидат менамоянд.
Бо дахолати кормандони намояндагӣ, дар давоми соли 2015 50 млн. 734 ҳазору 682 рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Бо мусоидати намояндагӣ дар соли 2015 48 қарори суди ноҳиявӣ бо қарори суди болоӣ бекор карда шуда, 352 парванда дар ҳолати баррасии судҳои болоии ш. Маскав ва вилояти Маскав қарор дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






