А.Эрнаев: Васиятномаро метавон дар вақти дилхоҳ бекор кард ё тағйир дод

Январь 30, 2016 11:29

Душанбе, 30.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ, аз қабили ба расмият даровардани шартномаи ҳадя, шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ, васиятнома, инчунин танзими ин муносибатҳо бар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мавриди саволгузории шаҳрвандон қарор мегиранд. Вобаста ба масъалаи васиятнома, шартномаи ҳадя ва шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ бо нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2 Абдуманон Эрнаев ҳамсуҳбат шудем:

«Ховар»:  Мегуфтед, ки васиятномаро бо кадом тарз тасдиқ кардан мумкин аст?

А.Эрнаев: Васиятномаро  дар идораҳои нотариалии давлатӣ тасдиқ кардан мумкин аст. Барои ин ба шаҳрванд зарур аст мушаххас намояд, ки ба кадом шахс ва чиро васият мекунад. Маълумотҳои шахси ворисро аз рўи васиятнома барои дуруст навиштани васиятнома муайян намояд, ки минбаъд дар иҷрои васиятнома мушкилӣ набошад. Шаҳрванд васиятномаро метавонад дар хона тартиб диҳад, ки ба кадом шахс (ворис) кадом молу мулкро васият мекунад, инчунин агар шаҳрванд пеш васиятнома тартиб дода бошад, бо ҳамроҳии худ гирад, ки дар идораи нотариалии давлатӣ барои омода намудани чунин васиятнома мушкилӣ накашад. Барои тасдиқ намудани васиятнома шаҳрванд метавонад бо шиноснома ва ҳамроҳ бо на кам аз як шоҳид ба идораи нотариалии давлатии ҷои истиқомати худ муроҷиат намояд.

Илова бар ин, васиятнома шахсан тартиб дода мешавад. Инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додани васиятномаро ба тариқи намоянда (бо ваколатнома) иҷозат намедиҳад.

Шаҳрванд метавонад ҳамаи молу мулк ё як қисми молу мулкашро ба як ё якчанд шахс (ворис), ки ба гурўҳи ворисони меросгузор тибқи қонун дохил мешаванд ё дохил намешаванд, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва давлат васият намояд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад бидуни тавзеҳи сабаб як ё якчанд нафар ё ҳамаи ворисони худро тибқи қонун аз мерос марҳум намояд.

Инчунин шахс (васияткунанда) метавонад озодона васиятномаи тартибдодаашро дар вақти дилхоҳ бекор намояд ё тағйир диҳад ва дар ин ҳолат уҳдадор нест, ки сабабҳои бекор кардан ё тағйир додани онро нишон диҳад.

«Ховар»: Шартномаи ҳадя чист? Онро бо кадом тарз ба расмият даровардан мумкин аст ва ҳангоми барасмиятдарории ин шартнома киҳо бояд иштирок кунанд?

А.Эрнаев: Шартномаи ҳадя ба яке аз аҳдҳои аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк шомил буда, тартиби бастани онро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Тибқи шартномаи ҳадя як тараф (ҳадякунанда) ройгон ба тарафи дигар (ҳадягиранда) ашёро ба моликият ё ҳуқуқи молу мулк (талабот) медиҳад ё онро аз уҳдадории молу мулкӣ нисбат ба худ озод менамояд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки шартномаи ҳадяи молу мулки манқул дар ҳолати агар ҳадякунанда шахси ҳуқуқӣ бошад ва арзиши ашёи дар шартнома қароргирифта аз андозаи 10 маоши ҳадди ақал зиёд бошад ва  агар ҳадякунанда шаҳрванд бошад ва арзиши ашёи шартнома аз андозаи 5 маоши ҳадди ақал зиёд бошад,   бояд дар шакли оддии хаттӣ шавад.

Илова бар ин, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқие, ки молу мулки ба онҳо таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи фаврӣ марбут аст ва инчунин аз номи атфоли хурдсол ва шаҳрвандони ғайри қобили амал эътирофгардида, ки аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо ба истиснои  туҳфаҳои одии дорои арзиши на он қадар баландро ҳадя кунад, иҷозат намедиҳад.

Шартномаи ҳадяи молу мулки ғайриманқул ба таври нотариалӣ тасдиқ мешавад ва  ҳангоми тасдиқи он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул бо пешниҳоди маълумотномаи мақомоти бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул талаб карда мешаванд, инчунин соҳибмулк (ҳадякунанда) ва ҳамсари ў, агар молумулки ғайриманқул дар давраи ақди никоҳ бо маблағҳои якҷоя ба даст оварда бошанд ва ҳадягиранда низ иштирок мекунанд. Дар ин маврид ҳамсари ҳадякунанда барои аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул иштирок мекунад.

Дар ин маврид ҳамсари ҳадякунанда дар асоси талаботи Кодекси оила розигии худро ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда, барои бастани чунин шартнома, яъне аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул, ки дар давраи якҷояи ақди никоҳ ба даст овардаанд, медиҳад.

«Ховар»: Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ низ чунин тартиб дорад ё он тафовут мекунад?

А.Эонаев: Мувофиқи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ шаҳрванд ҳавлии истиқоматӣ (қисми он), хона (квартира) ё дигар молу мулки ғайриманқулеро, ки ба ў тааллуқ доранд, диҳад  ва   пардозандаи саробон уҳдадор мешавад, ин шаҳрванд ва (ё) шахси сеюми нишондодаи ўро якумрӣ бо саробонӣ таъмин кунад.

Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ – ин созиши байни тарафҳо, ки аз рўи он шаҳрванд (гирандаи таъминот), молу мулки ғайриманқулеро, ки ба ў тааллуқ дорад, ба моликияти пардозандаи саробон месупорад.

Пардозандаи саробон – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ буда, уҳдадор мешавад, ки гирандаи таъминот ва (ё) шахси сеюми нишондодаи ўро якумрӣ бо саробонӣ, яъне то вафот таъмин кунад.

Гирандаи таъминот – ин шаҳрванде, ки соҳиби молу мулки ғайриманқул ва ё шахси сеюми нишондодаи ў мебошад.

Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ  шавад, инчунин шартномае, ки аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқулро бо шарти таъминоти якумрӣ бо саробонӣ пешбинӣ менамояд, ҳамчунин ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Риоя накардани қоидаҳои мазкур аз ҷониби иштирокдорони шартнома боиси беэътибор шудани он мегардад.

Уҳдадории пардозандаи саробонӣ дар мавриди таъминот бо саробонӣ инчунин метавонад аз таъмини эҳтиёҷот ба манзил, хўрок, либос ва агар вазъи саломатии шаҳрванд талаб намояд, ҳамчунин аз нигоҳубини ў ё аз тарафи пардозандаи саробонӣ пардохта шудани хароҷоти хизматрасонии маросимӣ иборат бошад.

Арзиши тамоми ҳаҷми таъминот бо саробонӣ то бастани шартнома байни тарафҳо бояд муайян карда шавад ва дар шартнома ин арзиш пешбинӣ мешавад. Дар ин маврид ҳаҷми умумии таъминот дар як моҳ наметавонад аз андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат, ки бо қонун муқаррар гардидааст, камтар бошад.

«Ховар»: Оё чунин аҳдҳоро қалбакӣ  баста мешавад?

А.Эрнаев: Бояд зикр  кард, ки дар таҷриба бисёр ҳолатҳое дида мешаванд, ки шаҳрванд (гирандаи таъминот) ва пардозандаи саробон муносибати худашонро дар идораҳои нотариалии давлатӣ дар намуди васиятнома ё шартномаи ҳадя тасдиқ мекунанд, ки ин бо мақсади рўпўш намудани аҳди дигар мебошад, яъне аҳди қалбакӣ ҳисобида шуда, минбаъд боиси  баҳси судӣ мегардад. Бинобар ин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми муроҷиати онҳо ба идораҳои нотариалии давлатӣ вобаста ба тасдиқи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ, шартномаи ҳадя ва васиятнома мақсаду мароми худашонро бояд аз нотариусони давлатӣ пинҳон накарда, мушаххас намоянд, ки ҳуқуқи онҳо поймол нагардад ва минбаъд баҳси судӣ ба вуҷуд наояд.

«Ховар»: Ташаккур барои маслиҳати муфид.

 

Таҳияи Лайло Қосимова

Январь 30, 2016 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд