Ҳаҷми гардиши савдои чакана, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ 5,5 фоиз зиёд шуд

Январь 30, 2016 07:51

Душанбе, 30.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Ҳаҷми гардиши савдои чакана, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ дар моҳҳои январ — декабри соли 2015 -14676,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 5,5 фоиз ё ба маблағи 1567,8 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши молҳо 49,0 фоиз ё 7035,3 млн. сомонӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ 51,0 фоиз ё 7322,4 млн. сомониро ташкил дода, озуқаворӣ ба маблағи 287,1 млн. сомонӣ кам фурўхта шудааст.
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ , дар ҳаҷми умумии фурўши молҳои озуқаворӣ таносуби бештар аз рўи арзиш ба гўшт ва маснуоти гўштӣ (17,3 фоиз), орду нон (10,3 фоиз), қанду шакар ва маснуоти қаннодӣ (6,7 фоиз), сабзавот ва картошка (5,7 фоиз), равғани растанӣ (3,7 фоиз) афзалият доранд.
Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводҳои бинокорӣ (25,5 фоиз), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо (13,0 фоиз), газворҳо (11,4 фоиз), пойафзол, маҳсулоти кешбофӣ, либос ва либоси таг (9,2 фоиз), маҳсулоти нафтӣ (7,3 фоиз), асбобҳои барқӣ (3,9 фоиз), доруворӣ (2,7 фоиз) ва ғайраҳо рост меояд.
Дар ҳамин давра гардиши моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 1738,7 сомониро ташкил дод.
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2015 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ки ба аҳолии ҷумҳурӣ ҳамаи соҳаҳои хизматгузор расонидаанд, 9606,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,1 фоиз кам аст.
Корхонаю ташкилоти расмии ба қайд гирифташуда, ба маблағи 4772,8 млн. сомонӣ хизмат расонида, 49,7 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад.

Январь 30, 2016 07:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад