Ҳадаф-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Январь 9, 2016 11:34

Душанбе, 09.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 23-уми январи соли 2015 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуд. Доир ба супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли сипаришуда бо Ҳукуматшо Ақсақолов, сардори раёсати таълим ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамсуҳбат гардидем:

«Ховар»: Масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар Паём зикр гардид. Аз он Паём то ин Паём барои  таҳкими ин ҳадаф чӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд?

Ҳ. Ақсақолов — Амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои соҳа аз лиҳози татбиқи ҳадафи стратегӣ муҳимтарин самт ба ҳисоб меравад.

Соли 2015 дар соҳа 15 лоиҳаҳои гуногунсамт ва мухталифҳаҷм бо маблағи умумилоиҳавии 632,1 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доштанд.

Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон (қитъаи роҳ аз дарвозаи Ғарбии ш.Душанбе то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Айнӣ –Панҷакент ва барқарорсозии пул аз болои Сорбоғ ва таъмири 9 км роҳи мошингарди Рашт-Навобод анҷом ёфтанд. Инчунин соли сипаришуда аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ (иқтидори борбардории 100 тоннаро дошта, дарозии он 146 метр, паҳноии кӯпрук 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр)  ба истифода дода шуд. Амалӣ намудани ин лоиҳаҳо имконият дод, ки 181,6 км роҳ бо 42 адад пул сохта ва таҷдид гардид. Дар амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҳоло 1670 мутахассис, ки 70,0%-и онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.

«Ховар»: Тавре ки дар Паём Сарвари давлат зикр намуд: «Дар ин раванд навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода , рохҳои Душанбе — Қурғонтеппа — Панҷи Поён, Айнӣ — Панҷакент, бунёди роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа (қитьаи Вахдат — Ёвон) таҷдиду сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст». Дар зарфи як сол ин ҷараён чӣ гуна идома ёфт ва чӣ пешрафтҳое ба назар мерасанд?

Ҳ. Ақсақолов:  Соли 2015 роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода (қитъаи роҳ аз дарвозаи ғарбии ш.Душанбе то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон) ва Айнӣ — Панҷакент анҷом ёфтанд. Корҳои сохтмонӣ ва таҷдидӣ дар лоиҳаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе — Хоруғ — Қулма (қитъаи Шӯрообод — Шоҳон) ва Восеъ — Ховалинг идома дошта. анҷомёбии онҳо соли 2016 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Қурғонтеппа» дар рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа ворид шуда. барои дарёфти манбаи маблағгузорӣ ба институтҳои молиявӣ пешниҳод шудааст.

Дар сохтмони роҳи оҳани нави Душанбе-Қурғонтеппа бо навсозии қитъаҳои Роҳатӣ-Ваҳдат-Элок ва Қурғонтеппа-Ёвон аз ҳисоби маблағҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба маблағи 104 млну 350,2 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуданд. Инчунин соли ҷорӣ корҳои сохтмони 5 пул бо дарозии 712 метр ва 3  нақб бо дарозии      3755 метр дар роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа бо маблағи 72,0 млн. доллари ИМА оғоз гардид. То ин давра дар нақбҳои 2 ва 3 бо дарозии 3107 метр корҳои сохтмонӣ ба итмом расиданд.

«Ховар»: Дар мавриди лоиҳаи роҳҳои Дарвоз — Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон) ва Хуҷанд — Исфара чӣ гуфта метавонед, зеро татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои ҳамсоя, яъне бо инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ пайваст хоҳанд кард?

Ҳ. Ақсақолов: Дар давоми соли 2015, омодагӣ ба оғоз намудани корҳои сохтмонию таҷдидӣ дар якчанд иншооти нақлиётии барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳим, аз қабили навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода (аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ва Исфара (Гулистон) — Хуҷанд анҷом дода шуданд. Имрӯзҳо корҳои саҳроии тадқиқотию лоиҳакашӣ аз ҷониби КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ”, дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб — Ванҷ- марзи ноҳияи Рӯшон пурра анҷом дода шудаанд.

«Ховар»: Дар Паём омадааст, ки: «Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, Kумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар раванди таҳияи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои мамлакат имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварро хамчун заминаи тараққиёти минбаъда ба инобат гиранд». Дар ин самт, яъне таҳияи барномаҳои мазкур чӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд?

Ҳ. Ақсақолов: Коршиносон ва мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва баррасии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо дар қатори дигар вазорату идораҳо фаъолона иштирок намуда, ҳоло таҳияи барномаҳои зикргардидаро бо тадбиру чорабиниҳо дар «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» мутобиқ менамоянд. Дар ҳамаи барномаҳои таҳияшуда ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, хусусан бунёди роҳҳо афзалият муайян шудааст.

«Ховар»: Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар       ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба масъалаи нигоҳдорӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилии ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, инчунин таъмини ахолӣ бо оби босифати нӯшокӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд?

Ҳ. Ақсақолов: Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди Вазорати нақлиёт дар соли 2015-ум 9630,0 ҳазор сомонӣ (нисбат ба соли 2014-ум 808,5 ҳазор сомонӣ зиёд) ҷудо гардид. Дар доираи ин маблағҳо таъмири ҷории 1076,0 км роҳ (4136,4 ҳазор сомонӣ), таъмири 34,7 км роҳ (3996,4 ҳазор сомонӣ), 6 пул бо дарозии 260 метр (89,4 ҳазор сомонӣ) ва 10 қубур бо дарозии 130 метр (76,2 ҳазор сомонӣ) таъмиру барқарор ва дигар намуди корҳо ба маблағи 1331,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардиданд.

Инчунин аз ҳисоби ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар соли 2015-ум ба маблағи умумии 44,7 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию барқарорсозии роҳу иншооти он иҷро гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи ин маблағҳо, таъмири роҳ 71,5 км, шағалпӯш намудани 1042,9 км роҳ ва таъмири ҷорӣ 515,0 км (41,0 млн. сомонӣ), 12 пул ба дарозии 379 метр (2977,2 ҳазор сомонӣ) ва дигар корҳои марбут ба он (683,2 ҳазор сомонӣ) иҷро шуданд.

 

Мусоҳиб Некрӯзи Муҳаммадсодиқ

 

 

Январь 9, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»