Афзоиши майдонҳои боғоти нав аз ҳисоби заминҳои бекорхобида

Январь 4, 2016 17:22

Хуҷанд, 04.01.2016. (АМИТ “Ховар”).- Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли гузашта мувофиқи нақша дар вилоят дар масоҳати 1397 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки зиёда аз 100 гектари он боғҳои нави интенсивӣ буда, дар онҳо асосан ниҳолҳои зардолу, олу, шафтолу ва бодом шинонида шуданд.
Боғҳои интенсивии бунёдёбанда асосан ба бунёди боғоти сиёҳолу равона шуда, дар заминҳои бекорхобидаи мавзеъҳои ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Мастчоҳ, мавзеи шаҳраки навбунёди Меҳрободи собиқ хоҷагии У. Хайём бунёди боғот ба нақша гирифта шуда, корҳо асосан ба воситаи таҷҳизоти обёрии каммасрафи қатрагӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин мутобиқ ба маълумоти манбаъ, дар доираи андешидани тадбирҳои судманд барои рушди соҳа дар соли 2015 то 1 декабр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5085,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 102,5%-ро ташкил дода, аз ҷумла истеҳсоли намудҳои ғаллагиҳо ба 68 035 тонна, сабзавот 66 434,8 тонна, картошка 24 382 тонна, полезиҳо 30 353 тонна, гўшт 2909 тонна, шир 6 796,7 тонна, тухм 14 798,7 ҳазор дона ва асал 32,3 тонна зиёд таъмин гардид.

Январь 4, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид