Ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ бахшида ба 25-солагии ИДМ
Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 6 январи соли соли ҷорӣ дар назди муовини Сарвазир Азим Иброҳим ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ бахшида ба 25 солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Тибқи нақша намоишгоҳи мазкур рўзҳои 9-12 июни соли 2016 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир мегардад.
Муовини Сарвазир таъкид кард, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷашн имконияти пешкаш намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар иштирокчиёни Намоишгоҳи байнидавлатӣ фароҳам оварда, барои доираи васеи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони кишвар имконияти хуби пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, муовини Сарвазир ба аъзои Кумитаи тадорукот дастур дод, ки дар асоси омодагии воқеӣ, барои дар сатҳи муносиб муаррифӣ намудани кишварамон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ тамоми имкониятҳоро самаранок истифода бурда, илова бар ин дар майдони барои намоишгоҳи кишварамон пешбинишуда, якчанд макони гузаронидани вохӯрию муколамаҳо пурра омода карда шаванд ва барои соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ пешкаш карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






