Арабистони Саудӣ муносибатҳои дипломатии худро бо Эрон қатъ кард
Душанбе, 04.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Тибқи иттилои расонаи «Reuters» Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муносибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъ намуд. Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба ҳайати дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сохторҳои муқими он дар ҳудуди Арабистони Саудӣ дастурамал содир кард, ки дар муддати 48 соат кишвари Арабистони Саудиро тарк кунанд. Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Одил ибни Аҳмад ал-Ҷубайро бо содир кардани дастурамал изҳор кард, ки Арабистони Саудӣ намегузорад, ки дигар кишварҳо амнияташро халалдор созанд.
Ҷавобан ба ин роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо лаҳни тунду тез ба нишонии Эр-Риёз изҳорот доданд. Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар навбати худ сафири Эрон дар Арабистонро даъват карда, ба ӯ эътироз эълон кард.
Хотиррасон бояд шуд, ки муносибатҳои ду кишвари минтақа баъд аз амалӣ шудани ҳукми қатл нисбат ба 47 нафар маҳкумшудагон бо ҷурми ҳамдастӣ бо терроризм мураккаб гаштанд. Тибқи иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 47 нафар бо сабаби иштирок доштан дар амалҳои террористӣ, иғвогарӣ ва сӯиқасд ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҷазои қатл маҳкум шуданд. Ба истиснои ду нафар: яке шаҳрванди Чад ва дигаре шаҳрванди Миср, дигар маҳкумшудагон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ буда, дар миёни онҳо роҳбари фаъоли шабакаи террористии «Ал-қоида» Форис аз-Заҳронӣ ва воизи мазҳаби шиа Нимро -ал-Нимро қарор доштанд.
Рӯзи 3-юми январи соли 2016 баъд аз интишори хабари расмӣ дар бораи иҷрои ҳукми қатл ба нишони эътироз аз қатл шудани воизи мазҳаби шиа Нимро -ал-Нимро тазоҳуротгарон ба бинои сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ҳамла оварда, биноро оташ заданд. Ҳамчунин гурӯҳи дигари тазоҳуротгарон ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Машҳад ҳамла оварда, кӯшиши поён фаровардани парчам ва оташ задани биноро содир карданд.
Мувофиқи маълумоти расонаҳои иттилоотӣ пас аз ин ҳодисаҳо дипломатҳои Арабистони Саудӣ аз ҳудуди Эрон берун карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






