Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен 30 иншоот ба истифода дода мешавад
Спитамен, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Барои сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен 30 иншооти гуногун бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Спитамен Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ, ки 13-уми январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, иттилоъ дод.
Ориф Хоҷазода зимни суҳбат гуфт, ки соли равон ҷашни 90-солагии ноҳия низ таҷлил хоҳад шуд ва ба истиқболи ин ҷашнҳо дар ноҳия соли равон сохтмони мактаби хусусӣ, мактаб барои 240 хонанда дар Сарбанд, таъмири беморхонаи ҷамоати Куруш ва як зумра иншооти дигар роҳандозӣ мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






