Баргузории се иқдоми тозагӣ бо фарогирии 380 ҳазор хонанда
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Бо мақсади пешгирӣ намудани ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва маҳал, инчунин барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар соли 2015 иқдомҳои ҷумҳуриявии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳҳо” гузаронида шуданд, ки дар он зиёда аз 380 ҳазор хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳо, ҷамоатҳо ва кормандони муассисаю ташкилот иштирок намуданд. Дар натиҷа 4171 км каналҳои магистраливу обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва манбаъҳои дигари обӣ тоза карда шуда, зиёда аз 46,7 ҳазор метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд»,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ибодзода Хайрулло, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон тибқи иттилои номбурда 157 нуқтаи нигоҳдории муваққатии партовҳо таъмир гардида, 93 нуқта ва 3100 қуттии нави нигоҳдории муваққатии партовҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






