Беш аз 4 ҳазор мутахассиси ҷавон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сафарбар шуданд

Январь 5, 2016 16:01

Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ вазифадор мешаванд, ки то соли 2018 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо омӯзгорони сатҳи баланди касбӣ пурра таъмин карда, ба Ҳукумат барои тайёр кардани мутахассисони дигар соҳаҳо пешниҳод манзур намоянд”. Э.Раҳмон. Аз Паёми соли 2015
Ҳарчанд сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар мегардад, то ҳол мушкилоти бартараф кардани норасоии омўзгорон дар якчанд шаҳру ноҳия ҳалли худро наёфтааст. Илова бар ин, ҳар сол вобаста ба фавт, рухсатии ҳомиладорӣ, иваз намудани ҷойи истиқомат ва зиёд гардидани шумораи хонандагон аз тарафи раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ ба вазорат дархост оид ба эҳтиёҷоти кадрӣ пешниҳод мешавад, ки вазорат зимни он ба ҷойҳо мутахассисони ҷавонро сафарбар менамояд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, барои соли таҳсили 2015-2016 аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи мазкур барои 3715 омўзгор дархост пешниҳод гардид, ки он дар ВМКБ 163 нафар, вилояти Хатлон 777 нафар, вилояти Суғд 956 нафар, шаҳри Душанбе 446 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1373 нафарро тащкил медиҳад. Эҳтиёҷоти мазкур асосан аз фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, санъати тасвирӣ, суруду мусиқӣ ва география мебошад.
Соли 2015 низ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияҳои омўзгорӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд, ки дар натиҷа 4157 мутахассиси ҷавон дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сафарбар шуданд. Аз ин шумора то 15 декабри соли 2015 — 3083 нафар (74,2%) ба ҷойи кор ҳозир шуда, 1074 нафар (25,8%) ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, ки аз онҳо 558 нафар (13,4%) бо сабаб (бо сабабҳои таҳсил дар магистратура, баъди таҳсилоти миёнаи касбӣ ба донишгоҳ фаро гирифта шуданд, хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кўдак, хориҷ гардидан, ҷавоби рад гирифтан ва супоридани маблағи буҷетӣ) ва 516 нафар (12,4%) бе сабаб мебошанд.
Пас аз ҷамъбаст то 15 декабри соли 2015 маълум гардид, ки норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 352 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 152 нафар зиёд мебошад. Яъне, дар моҳи декабри соли 2014 норасоии кадрӣ 204 нафарро ташкил медод. Норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар ВМКБ 59 нафар, вилояти Хатлон 145 нафар, шаҳри Душанбе 6 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 142 нафар ба қайд гирифта шудааст. Норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пурра бартараф шуд.
Норасоии омўзгорон бештар аз фанҳои забони англисӣ (72 нафар), забони русӣ (58 нафар), математика (67 нафар), химия (52 нафар), физика (43 нафар), технологияи информатсионӣ (19 нафар), забону адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ (13 нафар), биология (9 нафар), омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ (10 нафар), таъриху ҳуқуқ (5 нафар) ва география (4 нафар) ба қайд гирифта шудааст.

Январь 5, 2016 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид