Беш аз ҳазор нафар ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос ҷалб шуданд
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Соли 2015 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 курс аз ҷумла, 1 курси азнавтайёркунӣ, 11 курси такмили ихтисос ва 12 курси сайёр доир гардид, ки дар онҳо 1021 нафар (383 нафар занон, ё 37,5%)донишу малака ва маҳорати касбии худро такмил дода, соҳиби Гувоҳнома гардиданд. Ин нуктаро ректори донишкада Лутфия Абдухолиқзода зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд.
Ҳамзамон Донишкада аз ҷониби лоиҳаҳои хориҷӣ 491 хизматчии давлатӣ ва кормандони масъули вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба курсҳо ҷалб намуда, Гувоҳнома дод.
“Дар маҷмӯъ, дар давоми сол 1 ҳазору 512 нафар ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос ҷалб шуданд, ки назар ба нақшаи соли 2015 196 нафар зиёд мебошад”,-илова намуд ректор.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






