Бозори ҷумҳуриявии фурӯши воситаҳои нақлиёт дар Рӯдакӣ ба фаъолият оғоз кард
Душанбе, 19.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба фаъолият оғоз кардани боз як бозори замонавии фурӯши воситаҳои нақлиёт дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ боиси таъмин гардидани беш аз 150 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор гардид. Соли гузашта мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба соҳибкор Абдуқаҳҳор Ғуломов барои бунёди Маҷмааи фурӯши мошинҳои сабукрав ва колонҳаҷм берун аз минтақаи аҳолинишин иҷозаи сохтмон дод. Дар муҳлати се моҳ соҳибкор дар талу теппаҳои бекорхобидаи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ин маҷмааи муосирро бо харҷи қариб як миллион доллар бунёд кард. Ба гуфтаи масъулини соҳа ҳудуди иншоот 11 гектар буда, дар айни замон барои шаш ҳазор нақлиёт ҷойҳои махсуси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир омода шудаанд.
Дар оянда бо бунёди иншооти болопӯшида, барои гузоштани нақлиёт ин шумора ба 12 ҳазор хоҳад расид. Масофаи роҳ аз Душанбе то бозори нави ҷумҳуриявии фурӯши воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 25 километрро ташкил медиҳад. Дар байни растаҳо рафтуомад тавассути нақлиёт озодона ва бемушкилот сурат мегирад. Аз ин иқдом фурӯшандагону харидорон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид намуданд, ки чунин бозори замонавӣ заминаи хубест барои фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар. Ҳамзамон барои мошинҳои харидорон таваққуфгоҳҳои махсус бунёд шудааст, ки танбашавии нақлиётро дар ҳудуди бозор пешгирӣ мекунад.
Қисми зиёди растаҳои фурӯши нақлиёт ва роҳҳои пиёдагарди дохил ва шафати бозор мумфарш шудаанд ва то тобистони соли ҷорӣ боқимонда растаҳо ва роҳравҳо ҳамвор ва ҷавобгӯ ба талаботи замон мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






