Бунёди 13 иншооти соҳаи тандурустӣ дар Суғд ба итмом расид
Душанбе, 19.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соли 2015 дар вилояти Суғд сохтмони 13 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд. Ин нуктаро Ваҳҳоб Саломов, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Ба иттилои сардори раёсат дар соли сипаришуда сохтмони 2 маркази саломатӣ, 9 бунгоҳи саломатӣ ва 2 нуқтаи тиббӣ сурат гирифта, 193 муассисаи тандурустӣ таъмир шудааст.
Ваҳҳоб Саломов илова намуд, ки соли 2016 барои таъмири 7 муассисаи тиббӣ 4,5 миллион сомонӣ ва барои хариди таҷҳизоти тиббӣ 1 миллион сомонӣ маблағ бо дастгирии раиси вилоят масраф хоҳад шуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






