Чеҳраи манфури ифротгароӣ

Январь 12, 2016 11:20

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар замони муосир қувватгирии равияҳои хурофотию ифротгароӣ бо суръати баланд ҷараён дорад. Ин таҳдиди ҷиддӣ дар самти моил намудани ҷавонон ба чунин равияҳо буда, хатари ҷиддиеро дар роҳи суботу амният метавонад пеш оварад.
Ҷангии 20-солаи «Давлати исломӣ» дар шаҳри Раққаи Сурия дар назди омма модари 40-солаашро ба қатл расонд, ки сабаби он нақшаи фирор кардан аз «Давлати исломӣ» буд. Пас аз шунидани ин нақша писар модарро гўё дар бидъат айбдор мекунад.
Ин амал яке аз оқибатҳои даҳшатафкании ҳурофоту ифротгароӣ буда, ба таври фоҷиабор канда шудани риштаи ҳаёти як модар гашта, чеҳраи манфури хурофоту нодониро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар нишон дод.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» дар роҳи ба даст овардани мақсад ва васеъ намудани доираи фаъолияти худ раҳму шафқат ва эҳсоси инсониро аз даст додаанд. Оё ин нишонаи бадномкунии дини мубини ислом набуд, ки як нафар муъмин чунин рафторро нисбат ба модари худ, ки ўро ба воя расонидааст, раво дид? Куҷост нишонаҳои инсонӣ, куҷост рафоқат, самимият ва таҳаммулпазирие, ки дини мубини мо пайваста талқин мекунад?
Таърихи инсоният ҳодисаеро ёд надорад, ки модар тамоми ҳастии худро ба тифл бахшида, бо шири сафедаш ўро ба воя расонаду аз ҷониби фарзанди ҷигарбандаш ба қатл расонида шавад.
Ин амали нангину номардона бар зидди модар башорат аз гумроҳии мардум ва ҷаҳолату хурофот ва беқонунӣ дар як кишвари ҷангзада мебошад. Бо шунидани ин амали бераҳмонаву бешафқатӣ ва ғайриинсонӣ, ки дар як давлати исломӣ ва аз ҷониби ба ном мусулмон содир мешавад, метавон як хулоса намуд: Ифроту террор чеҳраи манфур дошта, ҳар ҷое, ки онҳо зуҳур ёбанд, ҷойи меҳру раҳму шафқат ва сабру таҳаммулро ҷаҳлу торикӣ ва ғазабу кибр фаро мегирад. Ин амали нопоки фарзанди нохалафро на танҳо ҷомеаи инсонӣ, балки Яздони пок низ намебахшад, зеро биҳишт зери қудуми модарон аст.
«Ҳар касе, ки модарро хор мекунад, хори ду дунё мешавад»

Муовини раиси Кумитаи
кор бо занон ва оилаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Давлатзода Зулфия

Январь 12, 2016 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд