Чорабинӣ бахшида ба қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» дар ДДЗТ
Душанбе, 08.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Зимни баргузории чорабинӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Қосимзода Идигул изҳор дошт, ки дар ҳақиқат ҷасорат ва корнамоиҳои беназири Ҷаноби Олӣ боис гардиданд, ки мо ӯро ҳамчун Пешвои миллати тоҷикон эътироф кунем. Ҳамчунин номбурда гуфт, ки: «Дар солҳои 1990 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ мардум тарки Ватан карда, бехонаву дар монданд. Назари Худованд буд, ки ин марди фарзона, ки ҳамагӣ 40 сол дошт, ба сари давлат омад. Хуни тоҷиконааш ҷӯш зад, ҷони худро дареғ надошта, ба Ҷумҳурии Афғонистон барои баргардонидани гурезаҳо сафар намуда, қариб 2 млн муҳоҷирро ба ватан баргардонид».








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






